|
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) дар якҷоягӣ бо Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Ин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад.
Лоиҳа ширкатҳои ҳавасманд ва соҳибкорони хусусиро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, барои расонидани хизматрасониҳо дар пешниҳоди хидматрасонии таъмири воситаҳои нақлиёт даъват менамояд.
Ширкати ҳавасманд бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:
· Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии ширкат/иқтибос аз андоз
· РМА
· Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ
· Мавҷудияти литсензия барои хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт.
· Кормандони соҳибихтисос бо таҷриба.
· Истифодаи қисмҳои эҳтиётии аслӣ ё аналогҳои баландсифат.
Интизор меравад, ки хизматрасонҳо ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд:
Кушодани пешниҳодҳо
Лифофаҳо дар ҳузури аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида кушода мешаванд.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
Мӯҳлати кор:
· Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОД
Пешниҳодҳо на дертар аз 16/01/2025 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Пешниҳоди дархостҳо
· Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд бастаи дархостҳои худро тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳоди тиҷоратӣ барои таъмири автомашинаҳо пешниҳод намоянд.
· Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Пардохт:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби хизматрасон тавассути бонк гузаронида мешаванд. Пардохтҳо пас аз қабули хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Лоиҳа ва ҳангоми гирифтани варақаи аслӣ ва ҳисобнома-фактура анҷом дода мешаванд.
Қайд: Ҳадди аққали шартномаи эҳтимолӣ то 50 ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад, бо
назардошти оне, ки муҳлаташ то 31.12.2025 ба итмом мерасад ва ё маблағи муайян гардида масраф мегардад.