Озмунҳо | Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • "ПИРЯХҲО - 2025"
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




    Эълон барои ишғоли вазифаи Мутахассис оиди баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ ва мутахассисони соҳавӣ 24.01.2025

    Эълон барои ишғоли вазифаи Мутахассис оиди баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ ва мутахассисони соҳавӣ

      Эълон барои ишғоли вазифаи Мутахассис оиди баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ ва мутахассисони соҳавӣ 


    Ташкилот: БРСММ/КҲМЗ

    Вазифа: Мутахассис оиди баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ ва мутахассисони соҳавӣ  (Реҷа: рӯзи кории пурра) - 1 нафар 

    Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538

    Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ

    Муҳлати ниҳоии 

    пешниҳоди дархост: 06.02.2025  (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)

    Навъи шартнома: Меҳнатӣ 

    Муҳлати амали шартнома: 12 моҳ


    Маълумоти умумӣ 

    Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) дар якҷоягӣ бо  Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.                                                                                                                                        

    Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. 


    Уҳдадориҳо ва масъулиятҳо  

    Таҳти роҳбарии умумии Директори миллии лоиҳа (ДМЛ) ва Сармушовири техникӣ (СТ), инчунин Менеҷери Лоиҳа (МЛ), Мутахассис оиди баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ ва мутахассисони соҳавӣ   масъулияти умумӣ барои расонидани дастгирии моддию техникӣ ва кӯмак дар гузаронидани як қатор омӯзишҳо оиди баланд бардоштани огоҳӣ ва иқтидор аз рӯйи Стратегияи идоракунии ҳамгироишудаи ҳавза барои ҷонибҳои асосии манфиатдор ва ҷамоатҳои деҳоти ҳавзаи дарёи Кофарниҳонро ба душ хоҳад дошт. Инчунин таҳти роҳбарии умумии ДМЛ, СТ, тавассути МЛ, Мутахассис оиди баланд бардоштани иқтидори зеҳнии аҳолӣ ва мутахассисони соҳавӣ  барои гузаронидани омӯзишҳо дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Шаҳритус, Қабодиён ва Носири Хусрав ва ш. Ваҳдат барои мавридҳои зерин масъул хоҳад буд:

    • Таҳияи саволномаҳо, муайян кардани эҳтиёҷот ба огоҳӣ ва рушди иқтидори мақомоти ноҳиявӣ, маҳаллӣ ва ҷамоатҳои деҳот доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва усулҳои ба тағйирёбии иқлим устувор. 

    • Омода кардани рӯзнома, ҷадвал, маълумотнома, хулоса, варақаи иттилоотӣ ва маводи таълимӣ.

    • Роҳбарӣ кардани омӯзишҳо (ҳамчунон дар омӯзишҳо дар роли модератор будан) оид ба зиёд кардани иқтидор дар самти ба инобат гирифтани хатарҳои иқлим дар банақшагирии ҳамгироишудаи идоракунии ҳавза барои кормандони дахлдори давлатӣ ва илмӣ, ки на камтар аз 30%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд.

    • Таъмин намудани робита ва ҳамоҳангсозии доимӣ бо шуъбаи идоракунии лоиҳаи ФМ вобаста ба ҳама ҷанбаҳои калидии барномавӣ ва логистикии супориш.

    • Дар асоси натиҷаи чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва омӯзишҳо оид ба зиёд намудани иқтидор, бо дастгирии Сармушовири техникии лоиҳаи ФМ, иштироки фаъолона дар таҳияи Модулҳо аз рӯйи Стратегияи идоракунии ҳамгироишудаи ҳавза.

    • Иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дигари марбут ба омӯзиш, баланд бардоштани иқтидор, банақшагирӣ ва татбиқи чораҳо оид ба устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.

    • Дар зарурият иҷро намудани дигар ӯҳдадориҳо ва фаъолиятҳои марбута ва ғайра.

    • Иҷрои дастурҳои дахлдори иловагии МЛ


    Салоҳиятҳо


    Таҳсилот:                                                                                                                                                                                                            

    • Маълумоти олӣ дар иқтисодиёти муҳити зист, идоракунии захираҳои табиӣ ё соҳаи дахлдор.

    • Ба дараҷаи илмӣ (магистр/PhD) афзалият дода мешавад. 

    Таҷрибаи корӣ:

    • Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи пайваста ва дониши қавӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои табиӣ, аз ҷумла таҷриба дар лоиҳаҳо оид ба устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.

    • Ҳадди ақал 3 сол таҷриба ва дониши дахлдор дар гузаронидани чорабиниҳои баланд бардоштани иқтидор ва огоҳӣ оид ба таҳқими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим.

    • Таҷрибаи қаблии собитшуда дар пешниҳоди хидматрасонии машваратӣ ба ниҳодҳои давлатӣ ё шарики рушд бо таҷрибаи мушаххаси гузаронидани омӯзишҳо.

    • Таҷрибаи корӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва донистани сиёсати Фонди мутобиқшавӣ ва БРСММ ва дорои таҷрибаи корӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон.

                                                                                                                                                                                         

    Талаботҳои вобаста ба забондонӣ:                 

    - Ба таври равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳам  хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ – ба донистани забони англисӣ афзалият дода мешавад.

    Дигар:

    • Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои дидашавандаи роҳбарии даста ва малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ.

    • Нишон додани ҳассосият ва қобилияти мутобиқшавии ба хусусиятҳои фарҳангӣ, гендерӣ, нажодӣ, миллат ва синну сол.

    • Малакаҳои баланди банақшагирӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан таҳти мамониятҳо барои анҷоми корҳо дар мӯҳлатҳои пешбинишуда.


    Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):                                                                                                                      

        -Таҷриба дар истифодаи компютер ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), 

         инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ; 

        -Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад.

    Пешниҳоди дархостҳо

    Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархостҳои худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд. 

    Почтаи электронӣ:nurkhon.nazarov@undp.org                                                                                                             



    Эзоҳ:  Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо барои ишғоли вазифаҳои  

              мазкур бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.




    Бозгашт





    ang probinsyano dec 24 2021 onlineteleserye.com ang probinsyano july 1 2022
    سكس ميا خليف bestdalil.com سكس السنافر
    desi ladki sex hotmoza.mobi videvo
    صور طياز بلدى abdulaporno.com افلام تحرش فى الباص
    kannada videos sex porn-loop.com hindi sex move com
    kajal xxx pornous.net tamil sex movies
    bangla hd sex video erocum.info www.tamil xx.com
    سكس خليجي sexpornoizlex.com عقاب بنات
    hot couple porn pornstarporntrends.com malayalam sexe
    xvideos telugu gotporn.mobi xxmxnx
    تحميل سكس مصرى ursextube.com افلام سكس برزيلى
    mother and son hentai manga hentaiko.net saki hentai
    hindi sex.com indianteenxxx.net mujhe sexy chahiye
    اخ ينيك اخوه pornarabic.net شرموطة
    سكس مترجم فقط fuckswille.net نيك طيز بنت