|
Эълон барои ишғоли вазифаи тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа
Ташкилот: БРСММ/ КҲМЗ
Вазифа: Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа (Реҷа: рӯзи кории нопурра дар асоси шартнома)
Рамзи мушаххаси Лоиҳа: 111538
Соҳаи амалия – Тавсифи кор: Муҳити зист ва коҳиши офатҳои табиӣ - ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ, КОҲИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ, ЭНЕРГЕТИКА ВА МУҲИТИ ЗИСТ
Муҳлати ниҳоии
пешниҳоди дархост: 05.02.2025 (соати 17:00-и вақти маҳаллӣ)
Навъи шартнома: Инфиродӣ
Муҳлати амали шартнома: 12 моҳ
Маълумоти умумӣ
Дафтари намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро оғоз менамояд, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ (ФА) маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон (ҲДК) дар шароити дар пешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағзиши замин бештар руҳ медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад. Таъсири иҷтимоию иқтисодии ин дигаргуниҳо назаррасанд: воситаҳои зиндагӣ, ҳосилнокии кишоварзӣ, мавҷуд будани об ва истеҳсоли барқи обӣ ҳама таҳти таъсир қарор мегиранд.
Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа таҳти назорати менеҷери Лоиҳа (МЛ) барои дастгирии Лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Ӯ барои ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишудаи Лоиҳа ва чорабиниҳое, ки дар нақшаи кории солона муайян карда шудаанд, мувофиқи муносибатҳои шарикона, меъёрҳои сифат, сатҳи буҷет ва муҳлатҳои дар ҳуҷҷатҳои Лоиҳа пешбинишуда, ба МЛ кӯмак менамояд.
Масъулиятҳо
Таҳти назорат ва роҳбарии умумии МЛ тарҷумони Лоиҳа масъул аст, ки фаъолиятҳои тарҷумонии Лоиҳа (тарҷумаҳои хаттӣ, шифоӣ ва ҳамзамон) вобаста ба муҳити зистро дар вақти таъйиншуда таъмин намояд. Тарҷумони хаттӣ ва шифоҳии Лоиҳа бо кормандони Лоиҳа (МЛ, кормандони масъули масоили харид, маъмуриву молиявӣ, мониторинг ва арзёбӣ, инчунин кормандони техникии дар маҳалҳо ба кор гирифташуда, вобаста ба ҷанбаҳои фаъолияти Лоиҳа аз наздик кор мекунад.
Салоҳиятҳо
Таҳсилот:
- Таҳсилоти олӣ дар соҳаи забонҳои хориҷӣ; ё ҳадди ақал 3 соли таҷрибаи корӣ дар тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ (ҳамзамон).
Таҷрибаи корӣ:
- Ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи кории дахлдор дар тарҷумаи хаттӣ ва шифоҳӣ (ҳамзамон) барои татбиқи лоиҳа ё барнома, ба таври идеалӣ бо ҷалби донорҳои байналмилалӣ;
- Таҷрибаи қаблии маъмурӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои лоиҳаҳои экологӣ барои ташкилотҳо ё лоиҳаҳо;
- Малакаҳои хеле хуби байнишахсӣ;
- Ба таҷрибаи қаблӣ бо лоиҳаҳои СММ афзалият дода мешавад.
Талаботҳои вобаста ба забондонӣ
- Равон ва комил донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳатмӣ аст.
Талаботҳои дигар:
- Малакаҳои қавии байнишахсӣ, махсусан, сифатҳои назарраси роҳбарии даста ва малакаҳои
хуби муоширати шифоҳӣ.
- Дараҷаи баланди банақшагирӣ, малакаҳои ташкилӣ ва идоракунии вақт, аз ҷумла тағйирпазирӣ,
таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва қобилияти кор кардан дар зери фишор барои иҷро кардани кор дар
муҳлатҳои маҳдуд.
- Қобилияти зуд мутобиқ шудан ба тағйирот ва ором нигоҳ доштани худ дар зери фишор;
- Доштани ҳисси қавии мустақил ва поквиҷдон будан сифатҳои муҳим ба шумор мераванд;
- Маҳорати муошират ва гузоришдиҳӣ ва қобилияти кор кардан дар даста.
Маҳорату малака дар соҳаи ТИ (IT):
-Таҷриба дар истифодаи компютерҳо ва бастаҳои нармафзори дафтари корӣ (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши амиқи ҷадвалҳои электронӣ ва бастаҳои додапойгоҳ;
-Ба доштани таҷриба дар системаҳои идоракунии ба веб асосёфта бартарӣ дода мешавад.
Мутобиқан дархост карда мешавад, ки дархостҳои молиявӣ дар баробари ҳуҷҷатҳои шахсӣ аз рӯи ҷадвали зерин пешниҳод карда шаванд:
Номгӯи хизматрасонӣ |
Тафсир |
Нарх |
Тарҷумаи хаттӣ |
Тарҷумаи хаттии ҳуҷҷатҳо бо нигоҳ доштани маънои аслӣ ва мантиқи матнҳо. |
Аз рӯи калима/саҳифа ва аломати стандартӣ |
Хизматрасониҳои тарҷумонӣ |
Тарҷумаи пайдарпай ва ё ҳамзамон дар рафти вохӯриҳо, чорабиниҳо, конфронсҳо. |
Аз рӯи соат |
Аудио/видео роликҳо |
Тарҷумаи мундариҷаи аудио/видео роликҳо. |
Аз рӯи дақиқаи аудио/видео |
Ислоҳ ва таҳрир |
Баррасӣ ва ислоҳи матнҳо, мақолаҳо мутобиқи меъёрҳои грамматикӣ ва услуби забон. |
Аз рӯи калима/саҳифаи стандартӣ |
Пешниҳоди дархостҳо
Номзадҳои баландихтисос метавонанд бастаи дархости худро (ариза, тарҷумаи ҳол (CV) ва нусхаи дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда) бо забонҳои тоҷикӣ/русӣ ва англисӣ тавассути почтаи электронӣ бо возеҳ нишон додани вазифа дар сатри "Мавзӯъ" пешниҳод намоянд.
Почтаи электронӣ: nurkhon.nazarov@undp.org
Эзоҳ: Ба номзадҳои занони баландихтисос пешниҳод намудани дархостҳо ба ин вазифа бо таъкиди қавӣ тавсия дода мешавад.