|
Дархости пешниҳоди нархҳо оиди такмил додани сервери Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқамандӣ ба кӯчонидан ба иморати нави Кумита
Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲМЗ) дар якҷоягӣ бо Дафтари намояндагии БРСММ Лоиҳаи «Усулҳои ҳамгироишудаи манзаравӣ барои таҳкими тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим миёни хоҷагиҳои деҳқонии хурд ва чорводорон дар Тоҷикистон»-ро амалӣ мегардонад, ки аз ҷониби Фонди Адаптатсионӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи Лоиҳаи пешниҳодгардида, ин баланд бардоштани воситаҳои зиндагии деҳқонон ва чорводорони хурд дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон дар шароити дарпешистодаи тағйирёбии иқлим мебошад. Интизор меравад, ки чунин шароит афзоиши суръат ва шиддатнокии ҳодисаҳои иқлимии ғайриоддӣ ба монанди боришоти шадид, обхезӣ, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳоро дар бар мегирад. Дар натиҷа, офатҳои обуҳавоӣ, ба монанди хушксолӣ, обхезӣ, ҷоришавии сел ва лағжиши замин бештар рӯй медиҳанд ва суръати эрозияи хок дар саросари кишвар афзоиш меёбад.
Дар доираи озмуни навбатии Лоиҳаи мазкур ташкилотҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибихтисос барои пешниҳоди хизматрасониҳо даъват карда мешаванд.
Шакл ва муҳлати пешниҳодҳо
Пешниҳодҳо бе истисно бояд ба суроғаи почтаи электронӣ: radjabov.khursched@gmail.com фиристонида шаванд.
Пешниҳодҳо на дертар аз 18/06/2025 то соати 17:00 қабул карда мешаванд.
Пешниҳодҳое, ки пас аз сана ва вақти болозикр пешниҳод мегарданд, қабул карда намешаванд.
Барои маълумоти иловагӣ ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибихтисос метавонанд ба суроғаи почтаи электронии болозикр то 18/06/2025 дар тамос шаванд.
Супориши техникӣ ва ё ҳаҷми хизматрасониҳо метавонанд тавассути почтаи электронӣ дархост карда шаванд.
Аз ширкатҳои ҳавасманд ва ё соҳибкорони хусусӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
Маълумоти мухтасар оиди фаъолиятҳои ширкат
Оинномаи ширкат
Иқтибос аз андоз/литсензия
РМА
Ҳисобот/тавозуни ширкат ва ё корхона
Тафсилоти суратҳисоби бонкӣ ва ҳангоми мавҷуд будани дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда
Интизор меравад, ки ширкатҳои ҳавасманд ҳамаи дастурҳо, шаклҳо, қоидаҳо ва мушаххасотро бодиққат меомӯзанд ва риоя мекунанд. Ҳар як пешниҳоде, ки пас аз мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод карда мешавад, баррасӣ карда намешавад.
Баҳогузорӣ
Пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни Коммиссияи озмунии таъингардида баҳогузорӣ карда мешаванд ва аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мешаванд:
Таҷрибаи корӣ дар самти таъмин намудани такмил додани серверҳои кории корхонаҳо алоқаманд ба кӯчонидану такмили онҳо
Қабули шартҳои пардохти Лоиҳа
Ҳамлу насби маҳсулот дар сервери КҲМЗ
Нархи умумӣ
Қоидаҳои пешниҳоди дархостҳо
Нархҳои пешниҳодшаванда бояд тамоми пардохтҳои ҳатмиро дар бар гиранд.
Нишон додани муҳлати иҷрои корҳо
Лутфан дар сатри мавзӯъи почтаи электронии болозикр ва ё болои лифофа: “Пешниҳодҳо оиди такмил додани сервери Кумита” нависонда шавад.
Пардохтҳо:
Ҳамаи пардохтҳо ба суратҳисоби иҷрокунанда тавассути бонк ғайринақдӣ гузаронида мешаванд.
Рафти қабули корҳои иҷрогардида
Коршиносони техникии Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни корҳои иҷрогардидаистодаро мавриди баррасӣ ва баҳогузорӣ қарор медиҳанд. Онҳо ҳама гуна шарҳҳоро медиҳанд ё номувофиқатиҳоро дар рафти корҳо нишон медиҳанд. Агар ҳангоми баррасӣ ва баҳогузорӣ муайян карда шавад, ки корҳои ба анҷом расонидашуда ба талаботи шартнома мувофиқат мекунанд, Марказ корҳои иҷрогардидаро қабул намуда, маблағгузориро ба роҳ мемонад.
Марказ ҳуқуқи қабул ё рад кардани ҳама пешниҳодҳоро бидуни шарҳ намудани сабаб нигоҳ медорад ва ӯҳдадор нест, ки пешниҳоди нархи пасттаринро қабул кунад.