Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Баровардани пурраи ГХФУ аз муомилот бо роҳи ворид кардани технологияҳои бе иқтидори вайронкунандаи қабати озон ва иқтидори ками гармшавии иқлим”
15 июли соли равон, дар меҳмонхонаи «Серена» ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи лоиҳаи “Баровардани пурраи ГХФУ аз муомилот бо роҳи ворид кардани технологияҳои бе иқтидори вайронкунандаи қабати озон ва иқтидори ками гармшавии иқлим” баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур рафти иҷрои чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи мазкур аз тарафи муовини Намояндагии доимии Барномаи рушди созмони милали муттаҳид Кристофорос Политис дар Тоҷикистон ва аъзоёни Шӯро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аъзоёни Шӯро дар ин ҳамоиш фикру ақидаҳои худро баён намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки татбиқи лоиҳа дар таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Дар ин ҷамъомад намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера, ҳамчун аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи лоиҳа оид ба дастовардҳо дар самти ҳифзи қабати озон баромад намуд.
Муовини Намояндагии доимии Барномаи рушди созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон аз раванди корҳо дар ин самт натиҷагирӣ намуда, аз дастовардҳои шарикони татбиқи лоиҳа изҳори қаноатмандӣ намуд.