Баргузори аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ашт
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт аксияҳои «Тозагии роҳ» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуданд.
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зиёда аз 250 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт дар аксияҳо фаъолона иштирок карда, корҳои назаррас, аз ҷумла тоза намудани 4 км ду тарафи канори роҳи нақлиётгард аз ҳар гуна партовҳо амалӣ гардид.
Ҳамчунин, дар рафти аксия 2,5 тонна партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд.