Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ барои ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд дар ҷамоати деҳоти Деҳмой аксияҳои экологии умуминоҳиявӣ доир гардид.
Дар рафти аксияҳо беш аз 800 нафар намояндагони ташкилоту муассиса, идора ва сокинони ҷамоат иштирок намуданд.
Як қатор корҳо дар доираи аксияи «Тозагии роҳ» ба сомон расонида шуд, ки зиёда аз 6 км қадди шоҳроҳи Ҷаббор Расулов – Конибодом аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза ва 14 метри мукааб партовҳо дар партовгоҳи ноҳия ҷойгир гардиданд.
Тибқи нақшаи пешбинигардида, рӯзҳои наздик аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қаддӣ шоҳроҳи мазкур 200 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида мешавад.