Аксияи навбатӣ дар шаҳри Ҳисор
Санаи 17 июли соли ҷорӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолии шаҳри Ҳисор дар як қатор ҷамоатҳои шаҳри Ҳисор аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар баргузории аксияи номбурда зиёда аз 200 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ҷамоатҳо иштирок намуда, ба корҳои тозанамоии ҷӯйбору қубурҳои обгузар, аз алафҳои бегона тоза намудани гирду атрофи дарахтон ва гулҳои шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода ва дигар ҷойҳои аҳолинишин машғул гардиданд. Дар натиҷа 5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.
Корҳои ободонию солимгардонии муҳити зист дар ҷамоатҳои дигари шаҳр низ дар назар дошта шудааст.
![]() |
![]() |