Баргузории шанбегии умумишаҳри дар шаҳри Ҳисор
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Ҳисор аксияҳои гуногуни экологӣ бо иштироки доираи васеи омма идома дорад.
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, минтақаҳои аҳолинишинӣ ва шоҳроҳи Душанбе–Ҳисор-Турсунзода бо иштироки кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони шаҳр аксияҳои экологӣ баргузор гардид. Дар чорабиниҳо зиёда аз 750 нафар фаъолона иштирок намуда 9,5 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо истифода аз 4 адад техникаҳои махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр бароварда шуданд.
Баргузории чунин шанбегиву аксияҳо дар миқёси шаҳр идома дорад.

