Насби овезаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шуда, бо маром амалӣ гардида истодаанд. Яке аз чунин тасмимҳои гирифташуда ба хотири тарғиби ҳадафҳои рушди устувори экологӣ, баҳри амалигардонии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шиорҳои тарғиботии марбут ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» насб гардида истодаанд.
Чунин тадбирҳои тарғиботи экологӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар ҳифзу нигоҳдории муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Дар ин ҷо якчанд овезаҳоеро, ки бо ҷилои онҳо намои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз ҳам зеботар гаштааст, манзур менамоем.




