Насби овезаи экологӣ дар ноҳияи Шаҳритус
Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар назди бинои “Тоқикматлубот”-и ноҳия овезаи экологӣ насб карда шуд.Мундариҷаи шиори овезаи мазкур инъикоскунандаи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мебошад.