Маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Шуъба (бахш)-и беҳтарини ҳифзи муҳити зист» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 сентябри соли ҷорӣ дар саҳни бинои маъмурии дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҳумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Шуъба (бахш)-и беҳтарини ҳифзи муҳити зист» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи маросим нахуст Суруди миллӣ садо дод. Сипас раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастанд, суханронӣ намуда, дар анҷом ҳамаи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Шуъба (бахш)-и беҳтарини ҳифзи муҳити зист»-ро табрику муборакбод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандӣ барои тақвият бахшидани фаъолияти шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон гардида, бо фармоши раиси Кумита аз 6 апрели соли 2021, №32 комиссияи босалоҳият таъсис дода шуд. Комиссияи озмуни мазкур фаъолияти шуъбаҳои довталабро дар ҷояш рафта мавриди санҷиш қарор дода, дар асоси баҳодиҳии воқеӣ беҳтарин шуъбаю бахшҳои ҷумҳурӣ муайян гаштанд. Тибқи машварати протоколии комиссияи озмун барои ҷои якум як ҷой бо мукофот ва дипломи дараҷаи 1, барои ҷои 2-юм ду ҷой бо мукофот ва дипломи дараҷаи 2, барои ҷои 3-юм се ҷоӣ бо мукофот ва дипломи дараҷаи се, ҳамзамон панҷ ҷои дигар барои ҳавасмандӣ бо ифтихорнома ва мукофотҳо муайян гашта буданд.
Дар аснои чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Баҳодур ба сардорони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ғолибомада диплому ифтихорномаҳо, шоҳҷоиза дар намуди автомобили хизматӣ, дигар туҳфаҳои арзишманд, амсоли маҷмўи компютерҳои баландиқтидор, ноутбукҳо, таҷҳизоти обсардкунанада (кулер), дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Раиси Кумита Шерализода Баҳодур дар охир бори дигар ғолибони озмунро табрик намуда, онҳоро барои минбаъд низ ноил шудан ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист баҳри боз ҳам сарсабзу шукуфон гардидани Ватани маҳбуб раҳнамун сохт.