Конференсияи миллӣ дар мавзӯи «Ҳифзи қабати озон ва системаи глобалии иқлим дар заминаи ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал»
Бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сентябри соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи қабати озон ва системаи глобалии иқлим дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал» баргузор гардид.
Дар Конференсия раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода Мирзодавлат ва Намояндаи доимии Барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид Пратибха Мехта бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист видеофилм зери рубрикаи «Қабати озонро ҳифз менамоем» намоиш дода шуд. Ҳамзамон олимону коршиносони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Тоҷикстандарт бо гузоришу рӯйнамоҳо баромад намуданд. Инчунин, баромади ҳамоҳангсозони татбиқи Протоколи Монреал аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркия ва Фаронса оид ба мавзӯъ ва масъалаҳои мавриди назар тариқи маҷозӣ шунида шуд.
Дар қисмати дигари Конференсия байни коршиносон суолу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо ва таклифу пешниҳодҳои маҷмӯӣ қатънома (резолюция)-и дахлдор қабул карда шуд.