Тозакориҳо дар шаҳри Ҳисор
Бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор 2 октябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор бо иштироки 200 нафар сокинони ҷамоатҳо корҳои ободонӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур корҳои ободонӣ, аз қабили тоза намудани роҳравҳо, шафати роҳҳо ва соҳили ҷую каналҳо гузаронида шуд, ки бо истифода аз як адад техникаи боркаш зиёда аз 3 м3 партовҳоро ҷамъоварӣ намуда ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.
Ҳадаф аз ҷалб намудани сокинон дар чунин чорабиниҳо ин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии шаҳр буда, барои ободу зебогардонии Ватани азизамон мебошад.

