Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Темурмалик
Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдор баҳри сарбаз гардонидани ноҳия корҳои назаррасеро анҷом дода истодаанд.
Дар ноҳияи мазкур хиёбони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид, ки дар саҳни хиёбони мазкур 800 бех ниҳолу дарахтни ҳамешасабз, ороишӣ, инчунин гулу гулбуттаҳо ва майсаи ҳамешасабз шинонида шуданд. Чунин ободкориҳо ба намои ноҳия ҳусни дигар зам намуда истодааст, ки дар ин росто корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди ноҳия идома дорад.