Дар машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ
30 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон машғулияти навбатии семинарии бозомӯзӣ дар мавзӯи «Тартиби таҳия, қабул ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ» баргузор гардид. Дар ифтитоҳи машғулият сармутахассиси кор бо кадрҳои Кумита Сайфуллоев Нурулло сухан ронда, қайд кард, ки ташкили чунин машғулиятҳо барои баланд бардоштани иқтидории кадрии кормандони соҳавӣ, ба хусус ҷавонон мусоидат менамояд.
Сипас, сухан ба маърӯзачӣ сардори шуъбаи меъёрҳои экологии Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Саидов И. дода шуд. Мавсуф мавзӯъро ба таври содаву ҳамафаҳм матраҳ намуд.
Дар қисми дигари машғулияти бозомӯзӣ суолуҷавоб сурат гирифта, маърӯзакунанда ба суолҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас дод.