Баргузории аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи 18 октябри соли 2021 дар ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаҳои Лоҳур 2, 3, 4 -и ноҳияи Рӯдакӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он 65 нафар сокинон иштирок намудаанд.
Дар рафти баргузории аксия 1, 2 км роҳ ва се нуқтаи ҷойгиркунии партовҳо тоза карда шуда, 5,5 метри кубї партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.