Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи 16 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода дар маҳаллаҳои Истиқлол 1,2,3 ва Косибон аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани аксия, ки бо иштироки 60 нафар сокинони маҳаллӣ сурат гирифт, тавассути 4 адад техникаи махсуси боркашу борбардор соҳили каналу обгузар ва соҳили дарёи Кофарниҳон бо дарозии 1500 метр аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуда, 12 метри кубӣ партов ба партовгоҳи ноҳиявї интиқол дода шуд.