Андешидани тадбирҳои экологӣ дар шаҳри Турсунзода
Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба буриши санитарии гулҳои мавзеъҳои кабудизори шоҳроҳ ва омода намудани қаламчаи гули садбарг барои мавсими нави кабудизоркунӣ, тибқи талаботи агротехникӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардид.
Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз мавзеъҳои гулкорӣ дидан намуда, ба масъулин доир ба тарзи омода намудани замин, буридани гулҳо ва бехи қаламча корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Љиҳати банақшагирии кабудизоркунӣ дар мавсими нави хуррамгардонии соли 2021-2022 ва омода намудани қитъаҳои нав корбарӣ ҷараён дорад.

