Аксияи навбатии «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи 22 октябри соли 2021 дар ҷамоати деҳоти Султонобод, деҳаҳои Лолазор, Гулоб, Чаманаро, Бурма-1,2,3,4, Чинор, Султонобод 1, Султонобод 2 ва Истиқбол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар он 148 нафар сокинони деҳаҳо иштирок намуданд. Дар рафти аксия 12 км роҳ аз партовҳои сахти маишӣ тоза гардида, ба партовгоҳи расмии ноҳия 3 метри кубӣ партови ҷамъоварда интиқол дода шуд.