«ШАҲРАМОНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ»
Дар асоси нақшаи чоранибиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, Сарраёсати ҳифи муҳити зисти вилояти Хатлон, ҷиҳати сазовору хотирмон ва дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва дигар табақаи ҷомеа дар маҳаллаҳои Ваҳдат, Айнӣ ва як қатор мавзеъҳои хиёбонҳои шаҳр зиёда аз 800 адад гулҳои зебои навъи хризантема, 500 адади дигар намуди гулҳои ороишӣ шинонида шуд.
Дар доираи шиори «Шаҳрамонро сабзу хуррам мекунем» тасмим гирифта шудааст, ки чунин тадбирҳои сабзкорӣ баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар идома идома дода шавад.