Семинари бозомӯзӣ оид ба татбиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳи 2021–2025
Ҳафтаи равон дар меҳмонхонаи «Рамзи»-и шаҳри Бохтар давоми ду рӯз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Иттилоотонии роҳҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025» баргузор гардид. Дар семинар масъулони татбиқи Барномаи мазкур, аз ҷумла намояндагони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, КҲФМГ, устодони донишкадаву донишгоҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар рафти семинар намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, САҲА, коршиносон, Маркази Орхус дар шаҳри Бохтар, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳ ва донишкадаҳои вилоят иштирок намуда, вобаста ба паҳлуҳои гуногуни Барномаи мазкур баромад ва рӯйнамоҳо намуданд.
Нотиқон ба чунин андеша буданд, ки дар якҷоягӣ бо ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи Барномаи мазкур ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳем гашт.