Аксияи “Тозагии маҳал” дар ноҳияи Фархор
Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри раиси ноҳияи Фархор баҳри тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор аксияи “Тозагии маҳал-2022” гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур кормандон зиёда аз 150 нафар иштирок намуданд. Дар аксия кормандон ба тоза намудани саҳни муассисаву ташкилот ва шинонидани гулҳои мавсимӣ машғул шуданд. Дар натиҷа дар ҳаҷми 3 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуданд.
Чунин аксияҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.