Баргузории семинари омӯзишӣ-машваратӣ оид ба тарбия ва маърифати экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист оид ба иҷрои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» семинари омӯзишӣ-машваратӣ гузаронида шуд.
Ташкилу баргузории чунин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои маорифи маҳаллӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии насли наврас мусоидат менамояд.