Баргузории аксияи навбатии “Тозагии маҳал» дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаҳои Кайҳон, Рӯдакӣ, Манас ва Шарафи ҷамоати шаҳраки Навобод дар ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии навбатии «Аксияи тозагии маҳал» баргузор гардид.
Дар рафти аксияи мазкур дар маҷмӯъ 64 нафар, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо ва сокинони ҷамоатҳои номбурда иштирок намуда, тавассути як адад техникаи махсус 2,7 км роҳи тозакардашуда, ки 8 метри кубӣ партовҳои сахти маиширо ташкил медод, ба партовгоҳи расмии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шуданд.