Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рушон
Баҳри ободии диёр, сарсабзу хуррамгардонии гирду атроф аз аввали моҳи март дар қаламрави ноҳияи Рушон аҳолии ноҳия ба корҳои бунёдкориву ободони машғуланд.
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар якҷоягӣ бо хонандагон ва омӯзгорони МТМУ №9 ва ҷамоати деҳоти Рушон дар ҳудуди Қалъаи “Вамар” аксияи “Тозагии маҳал”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пастхуф бошад, аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуда, рудхонаи деҳаи Пастхуф аз ҳар гуна партовҳо тоза гардида, партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳ интиқол дода шуданд.
Дар маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ тамоми кормандони идораву муассисаҳо фаъолдона иштирок намуда, саҳми босазои худро гузоштанд. Чунин аксияҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона ҳар ҳафта дар дигар ҷамоатҳои деҳот аз ҷониби маъсулин гузаронида мешавад.