Баргузории Фестивали об дар мавзеи Шаршара
Дар ҳошияи кушодашавии Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои Рушди устувор, солхои 2018-2028” дар мавзеи «Шаршара»-и КВД “Наврӯзгоҳ” санаи 6 июни соли равон фестивали об бахшида ба Конфронси мазкур баргузор гардид.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои худ ва дигар ниҳодҳои давлатию хусусӣ намоишгоҳи худро аз қабили ангораҳо, расмҳои беҳтарини кудакону наврасон-ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ, маводҳои чопӣ, намунаҳо аз сузаниву гулдузӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиезода Сулаймон ва дигар масъулони вазорату идораҳо меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷи дуру наздик аз намоишгоҳ дидан намуда, бо фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷикон шинос шуданд. Баъдан барои иштирокчиёни ҳамоиш барномаи консертии пурмазмун пешкаш гардид, ки аз тамошои барномаи фарҳангӣ меҳмонон таасуроти рангин бардоштанд.