Мулоқоти раиси Кумита бо ҳайати Британияи Кабир
7 июни соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон бо Сафири минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Дэвид Моран дар доираи 2-юмин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.
Масъалаҳои маблағгузории иқлим ва мутобиқшавӣ мавзӯи асосии муҳокимаи конфронси дарпешистода буда, барои кишвар авлавият дорад.
Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои манъи истифодаи халтаҳои пластикӣ то 15 микрон, барқарорсозии ҷангал ва такмили низоми мониторинги муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷӣ, масълаҳои Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир изҳори назар карданд.
|
|
|