Мулоқоти раиси Кумита бо намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID)
9 июни соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Райли дар доираи Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи Саҳмҳои Милии Муайяншуда (СМҲ) ва таъсиси котиботи СМҲ-ро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои таҳкими тавонмандии кишвар дар самти мутобиқшавӣ ва рафъи тағйири иқлим ва таъсиси низоми мукаммали мониторинг, гузоришдиҳӣ ва санҷиш баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.