Семинари омӯзишӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ
Санаи 14 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази Орхуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар доираи амалигардонии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Иқтисоди «сабз» - заминаи бунёдии рушди устувор” баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни факултети географияи Донишгоҳи мазкур, кормандону мутахассисони Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ш. Душанбе ва волонтёрон иштирок намуданд.
Пас аз суханони ифтитоҳии декани факултети география Қаландаров А. ва сармутахассиси Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист Эшонов А. сардори Маркази Орхуси Кумита Яқубов Ҷ. дар мавзуи “Роҳҳои татбиқи конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Зимни маърӯза дар баробари фаъолияти лоиҳавии Марказҳои Орхус дар минтақаҳо, ҳамзамон доир ба нақши онҳо дар татбиқи бандҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” таъкид ба амал оварда шуд.
Сипас сармутахассиси Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Эшонов А. дар мавзӯи “Ҳифзи замин” ба ҳозирин бо рӯйнамо маълумот пешниҳод намуд.
Дар семинар, ҳамзамон Иброҳимов Қ., муаллими калони кафедраи геоэкологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар мавзуи “Иқтисоди “сабз” заминаи бунёдии рушди устувор” маърӯза ироа намуд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо, иштирокчиёни семинар, асосан устодони Донишгоҳ иброз намуданд, ки донишу маълумотҳои нав гирифтанд ва таклиф намуданд, ки минбаъд низ чунин семинарҳои омӯзиширо онҳо аз мутахассисони дигар шӯъбаву зерсохторҳои Кумита интизоранд.