Баргузории аксияҳои навбатии экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 июни соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи мазкур аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур 70 нафар сокинони деҳаи Дарёбоди ҷамоати деҳоти Гулистон иштирок намуда, дар масофаи 1000 метр чӯйборҳои деҳаро аз партовҳо тоза намуда, 8 метри кубӣ партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Ҳамчунин, қаблан санаи 10 июн дар ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳия аксияи экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар рафти аксияи мазкур беш аз 50 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Чортеппа иштирок намуда, 1430 метр роҳҳои пиёдагарду наклиётгардро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намуданд ва 7 метри кубӣ партовҳо ба партовгоҳи расмӣ бароварда шудааст.