Натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Кумита
7 июл дар толори маҷлисгузаронии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони сарраёсатҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони зерсохторҳо, марказҳо ҷаласаи ҳисоботии Кумита оид ба фаъолияти шашмоҳаи нимсолаи якуми соли 2022 баргузор гардид.
Ҷаласа бо суханронии ифтитоҳии Раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оғоз гардид. Маърӯзаи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини Раиси Кумита Мавлодод Абдуқодирхон қироат карда шуд. Сипас роҳбарони зерсохторҳо ва зермуассисаҳои Кумита дар назди ҳозирин доир ба фаъолиятҳо ва натиҷаҳои кориашон дар давраи ҳисоботӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Раиси Кумита бахусус аз камранг будани фаъолияти нозирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти як қатор шаҳру ноҳияҳо, баргузории аксияҳои бенатиҷа, хушк шудани ниҳолҳои шинонидашуда дар шоҳроҳҳо ва изофанависӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ба масъулини зерсохторҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Қарори ҷаласаи ҳайати мушовараро муовини якуми Раиси Кумита Қиёмзода Зарафо Сӯфиҷон қироат намуд.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Орзузода Фирӯз иштирок дошт.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш ҷаласаҳои ҳисоботии Агентии обуҳавошиносӣ, МД ҲТММ, Марказҳои Кумита, Сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятӣ, ш. Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд.
![]() |
![]() |
![]() |