Кумаки навбатии Кумита бахшида ба Иди Қурбон барои афсарону сарбозони ноҳияи Мурғоб
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии ниёзмандон, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди Қурбон ба афсарону сарбозони ҚС КДАМ ҶТ 1204 ва қисми ҳарбии 15426 Вазорати Мудофиаи ноҳияи Мурғоб кумаки яквақтаинаи моддӣ, аз қабили 40 кг гушт, 200 кг биринҷ ва 18 қуттӣ нӯшокиҳои ташнашикан расонида шуд.
Ин гуна кӯмакҳо аз ҷониби Кумита дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо ба афсарону сарбозон ва табақаҳои ниёзмандон расонида мешавад.