Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”
Тибқи нақшаи тасдиқгашта дар нимсолаи дуюми соли 2022 санаи 19 июл дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Шарҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, ки аз 5 марти соли 2007, №233 қабул шудааст, семинари бозомӯзӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур хизматчиёни давлатии Дастгоҳи марказии Кумита ва сохторҳои дигари он иштирок намуданд. Мавзуъ аз тарафи муовини сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Сайфуллоев Нурулло шарҳ дода шуд.
Ҳадафи баргузории семинари мазкур тақвият бахшидани дониши хизматчиёни давлатӣ ва омӯзонидани Қонуни мазкур ба хизматчиёни давлатие, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ ворид гардидаанд мебошад.