Аксияи «Тозагии соҳил» баҳри хуррамии муҳит дар шаҳри Хуҷанд
Бахшида ба ҷашни 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ободу зебо ва хуррамнамоии муҳити атроф дар соҳили дарёи Сири хиёбони Раҳмон Набиев аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.
Зиёда аз 200 нафар иштирокдорони аксия, ки ҷавонону ризокорон ва варзишгарони шаҳр буданд, бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуданд.
Бояд кайд намуд, ки ин тадбир дар доираи татбиқи ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», сурат гирифт.
Мо бояд маҳалли зист, шаҳр ва Ватани маҳбубамонро танҳо худамон тозаву хуррам ва ободу мунаввар намоем, барои дигарон намунаи ибрат бошем.