Вохӯрии раиси Кумита бо директори кишварии Хелветас дар Тоҷикистон
24 августи соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори намояндагии ташкилоти Хелветас дар Тоҷикистон хонум Сулҳия Ҳайдарова мулоқот намуд.
Дар ҳошияи ин мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва бахши обро дар чаҳорчӯби саҳмҳои муайянкардаи миллӣ баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо, инчунин масъалаҳои мониторинги сифати об ва баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи техникӣ ва кадриро мавриди баррасӣ қарор доданд. Татбиқи ин тамоюл имкон медиҳад, ки захираҳо барои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим сафарбар карда шаванд.
Дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Хелветас дар Тоҷикистон изҳори назар карда шуд.