Вохӯрии раиси Кумита бо намояндагони ФАО
25 августи соли 2022 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон бо мутахассиси соҳаи кишоварзии Дафтари минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Таня Сантиванес мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба иҷрои тарҳҳои экологӣ тафоҳҳуми афкор намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нав дар соҳаи тағйирёбии иқлим, гуногунии агробиологӣ, шаффофият, табодули иттилоот ва дигар масъалаҳои экологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни мусоҳиба доир ба дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФАО андешаҳои худро баён намуданд.