Аксияи “Тозагии роҳ” дар шаҳри Ҳисор
Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва иҷрои супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 августи соли равон дар ҳудуди шаҳри мазкур аксияи экологии “Тозагии роҳ” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ бо иштироки беш аз 250 нафар кормандони касбу кори гуногун дар ҷамоатҳои Сомон ва Мирзо Ризо иштирок намуда, ду қисмати шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзода, роҳи асосии марказии шаҳр аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд.
Инчунин иштирокчиён ба корҳои ободонӣ, аз ҷумла нарм намудани бехи гулҳо ва дарахтон, сафед намудани бехи дарахтон машғул шуданд. Дар натиҷа беш аз 3,6 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва бо воситаи техникаҳои махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуданд.