Дар ҷаласаи назоратии раиси Кумита
31 августи соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумитаи мазкур баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар моҳи сипаришуда ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, пас аз ифтитоҳ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров И. оид ба фаъолияти моҳи августи сорхторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, оид ба рафти иҷрои мактубҳо ва дигар супоришҳои протоколӣ сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумита Салимзода Ш. ҳисобот дод.
Дар рафти ҷаласа, раиси иттифоқи касабаи Кумита Исупов У. оид ба дастовардҳои соҳавӣ зери роҳбарии раиси Кумита баромад намуда, масъалаҳои интизоми меҳнатро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Раиси Кумита Шерализода Б. А. масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар самтҳои марбутаи соҳавиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар баробари пурсишу масъалагузорӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.
Ҳамзамон, дар пайи як маҷлиси дигар, ки санаи мазкур бо иштироки раиси Кумита баргузор шуд, дар сохторҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар дастгоҳи марказии Кумита, сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Дар ин бора фармоиши раиси Кумита аз ҷониби сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорат қироат карда шуд.
![]() |
![]() |