Баргузории аксияи “Тозагии шоҳроҳ” дар ноҳияи Шаҳринав
Санаи 27 августи соли 2022 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳринав дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур аксияи "Тозагии шоҳроҳ" гузаронида шуд. Дар натиҷа шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудади ноҳияи Шаҳринав ба масофаи 4,5 км тоза карда шуда, 2,8м³ партов ба партовгоҳи расми бароварда шуд ва шумораи иштирокдорони аксияи мазкур 365 нафарро ташкил дод.
Корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ ва ҳашару шанбегиҳо дар ҳудуди ноҳияи мазкур мунтазам идома доранд.