Амалиётӣ назоратӣ дар шаҳри Хуҷанд
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд дар кӯчаи Р.Ҳоҷиев буриши ғайриқонунии шохи дарахти сановбар ошкор гардид.
Нисбати қонуншикан Абдурасулова Х. сокини ш.Хуҷанд, ки бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист шохи дарахтро буридааст, дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд.