Аксияи экологии “Тозагии ҳаво” дар шаҳри Душанбе
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории муштарак бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани ҳавои атмосфера ва бо роҳандозӣ намудани рейдҳои фаврӣ як қатор қонуншиканиҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист пешгирӣ намуд. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгашта рейдҳо асосан дар нуқтаҳои даромадгоҳи чор самти шаҳри Душанбе ва кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ доир гардиданд.
Дар рафти гузаронидани аксияи экологии “Тозагии ҳаво” маълум гардид, ки ронандагон ба қоидаҳои тозагии саллачархҳои воситаҳои нақлиёт, ки ҳангоми ҳамлу нақли боркашонӣ боиси ифлос гардидани кӯчаҳо мегардад, аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.
Ҳамин беэътинои боис гардид, ки аз аввали сол то имрӯз аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос кардани роҳҳо 14 протокол, барои аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 1026 ҳолат ва 138 ҳолати қонуншикании беболопӯш интиқол додани маводҳои пошхӯранда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт дар ҷараёни баргузории аксия аз ҷониби мутахасисон маълум гардид, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёт (СО2) аз меъёр зиёд аст, нисбати ронандагон протокол тартиб дода, барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар давоми ҳашт моҳи сипаришуда дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе 1381 адад қонунвайронкуниро дар самти ҳифзи муҳити зист ошкор ва парвандаҳои маъмурӣ тартиб дод.