Ҷаласаи якуми миллӣ доир ба гузариш ба иқтисоди даврӣ
6-7 сентябри соли 20222 тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ҷаласа ва семинари миллӣ дар мавзуи «Тезонидани гузариш ба иқтисоди даврӣ барои солҳои 2021-2024» баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассосиатсиятҳои соҳавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.
Дар оғози ҷаласа муовини якуми Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода А.С. ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Сипас дар қисмати дуюми ҷаласа сардори Раёсати монитроинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Шукуров Исфандиёр доир ба “Сиёсати давлатии экологӣ ва ташаббусҳои миллӣ ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди даврӣ” бо рӯнамо баромад намуд.
Аз ҷумла қайд гашт, ки маблағҳо саҳми шарикони рушд доир ба таъсиси корхонаҳои истифодаи такрории партовҳо зиёд карда шуда, механизмҳои ба навъхо ҷудо намудани партовҳо тезтар ба роҳ монда шавад.