Аксияи "Тозагии соҳил" дар ноҳияи Мурғоб
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва иштироки сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита Судуров С., санаи 22 сентября соли ҷорӣ дар соҳили дарёи “Оқсу"-и мавзеи Модиёни ноҳияи Мурғоби ВМКБ аксияи "Тозагии соҳил" баргузор карда шуд. Дар гузаронидани аксияи мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист, Парки миллӣ ва сокинони маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Мақсад аз гузаронидани аксияи экологӣ дар мавзеи мазкур ин роҳ наёфтани партовҳо ба Кӯли Сарез мебошад. Дар ин чорабинӣ дар маҷмуъ 20 нафар иштирок намуда, дар масофаи 4 киллометр дар умум чор куб партовҳо аз соҳилҳо бароварда шуд.
Чунин чорабинӣ, ҳамзамон дар ҷамоати деҳоти Мурғоб гузаронида шуда, дар баробари ин бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирифт.
Ба мақомоти маҳалли ҳифзи муҳити зист тавсия дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ тақвият бахшида, манбаъҳои ифлоскунандаи манбаъҳои обиро мунтазам зери назорат гиранд.