Мизи мудаввар оид ба муҳокимаи ҳисоботи арзёбии вазъи ҳавои атмосфера ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим
23 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо иштироки намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ мизи мудаввар оид ба муҳокимаи ҳисоботи арзёбии вазъи ҳавои атмосфера ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои рушди устувор баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе хонум Теа Ҷалиашвили оғоз гардид. Муовини якуми раиси Кумита зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар шароити муосири масъалаи ҳавои атмосферӣ хеле муҳим ва ҳалталаб маҳсуб меёбад ва изҳори умедворӣ намуд, ки дар доираи мизи мудаввар дар доираи мавзӯи баррасишаванда аз ҷониби мақомотҳои масъул қарорҳои дахлдлор қабул карда хоҳад шуд.
Мушовири байналмилалӣ Нано Барамидзе ба таври рӯнамо доир ба баҳогузории вазъи ҳавои атмосферӣ ва таъсири он ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон дар контексти Ҳадафҳои рушди устувори СММ маълумот ироа намуд.
Оид ба тадқиқотҳои анҷомдодаи Н.Барамидзе коршиносон аз Агентии обуҳавошиносӣ – Сангин Самиев, намояндагон аз вазорати кишоварзӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати энергетика ва захираҳои об, вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокима баромада, нисбат ба вазъи мавҷуда изҳори назар намуданд.
Дар охири ҷаласа намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии “Пешсаф”, Маркази экологии ҷумҳуриявӣ ва Марказҳои Орхуси ш.Душанбе ва ш. Бохтар низ доир ба фаъолияташон дар самти ба танзимдарорӣ ва беҳдошти вазъи ҳавои атмосфера андешаронӣ намуданд.
Боиси қайд аст, ки бо назардошти ба назар гирифтани андешаҳои иштирокчиён аз тарафи коршиноси байналмилалӣ як дастури хубе таҳия ва барои корбарӣ пешниҳод хоҳад гашт.