Мулоқоти муовини раиси Кумита бо директори генералии минтақавии ширкати японии «Марубени корпорейшн»
4 октябри соли равон вохӯрии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдуқодир Мавлодод бо Директори генералии минтақавии ширкати ҷопонӣ «Марубени Корпорейшн» ҷаноби Наотака Минедзаки ва муовини менеҷер Борис Кадников баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба фаъолияти ширкати японии «Марубени корпорейшн» маълумот дода шуд.
Масъалаҳо дар самти коҳиши партовҳои газҳои гулхонагӣ ва таҳияи лоиҳаҳое, ки бо дастгирии ҳукумати Ҷопон амалӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳадафи ин лоиҳаҳо бояд ноил шудан ба ӯҳдадориҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда оид ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонагӣ бошад.
Ҷаноби Наотака Минедзаки ба муовини раиси Кумита барои вохӯрие, ки дар рафти он дар байни тарафҳо гуфтушуниди муфид барпо гардид, миннатдорӣ баён намуд.