Тозагии муҳит - гарави солимии насли оянда аст
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва нақшаи кории шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор, инчунин барои беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ба як муҳити аз нигоҳи экологӣ тоза табдил додани шаҳр ҳафтаи равон бо иқдоми ризокони табиат, кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шаҳри Ҳисор корҳои тозагию озодагӣ баргузор гардиданд.
Дар маъракаи мазкур беш аз 300 нафар иштироки фаъол намуда, ба тоза намудани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, минтақаҳои аҳолинишинӣ, назди соҳилҳо ва ҷӯйҳои обгӯзар машғул шуданд. Инчунин, иштирокчиён шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор-Турсунзодаро аз партовҳои гуногун тоза намуда, ба нарм намудани бехи гулҳои шоҳроҳ машғул шуданд. Дар натиҷа 10 м3 партовҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.
Иштироки васеъи аҳолӣ дар чорабиниҳои экологӣ, ин аз маърифатнокии аҳолии шаҳр дарак медиҳад. Аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва кормандони ҷамоатҳо гузаронида мешавад.