Тарбияи экологӣ дар мактаб
Бо мақсади амалишавии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва иҷрои дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон вобаста ба татбиқи қарори Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ, ки ҷаласаи он дар Китобхонаи миллӣ санаи 28 сентябри 2022 баргузор гардид, дар асоси нақша-чорабиниҳои муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои омӯзишӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар мавзуъҳои мухталифи экологӣ роҳандозӣ мегарданд.
Чунин дарси омӯзишӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар оғоз, директори муассиса Раҷабова Сурайё иттилоъ дод, ки ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатӣ пайваста чорабинӣ ва машғулиятҳои экологӣ доир гашта, хонандагон дар ин машғулиятҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Баъдан, Ёрзода Аслиддин, сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе зикр намуд, ки дар татбиқи Барномаи давлатӣ саҳми муассисаҳои таълимӣ назарррас буда, дар ин самт чорабиниҳои мухталиф баргузор гардида истодааст. Мавсуф дар идомаи суханронӣ афзуд, ки 7 банди асосии Барномаи давлатӣ марбут ба соҳаи маориф буда, тибқи нақша-чорабиниҳои муштарак амалӣ гардида истодааст.
Оқил Туймаҳмад, сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе таъкид намуд, ки вобаста ба баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи давлатӣ қабул гардид, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бахшида шудаанд. Дар доираи Барнома чорабиниҳои зиёд, аз қабили семинару викторина, конфронс, ҳамоишҳои экологӣ ва суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида истодааст.
Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе тасмим дорад, ки чунин дарсҳои омӯзиширо дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе идома диҳад.