Аксияи "Тозагии маҳал" дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дар асоси нақша - чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла, ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35- солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат, бо ибтикори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маркази ноҳия, ҷамоату деҳот, инчунини гулгашту хиёбонҳои ноҳия аксияи "Тозагии маҳал" гузаронида шуд.
Масъулини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи болозикр изҳор доштанд, ки имрӯзҳо сокинон ноҳия бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву маҳҳалаҳои хеш бетараф набуда, ҳамарӯза дар тозагию озодагии ҷойи зисти худ саҳми муносиб мегузоранд.