Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Дар он аҳолии ҷамоатҳо, кормандони муассисаю ташкилотҳо, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, ҳамагӣ 530 нафар фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти аксия қад-қади роҳҳои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳоти Ёва ва Исфисор аз партовҳои гуногуни пластикӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда, 7 м3 партовҳо ҷамъоварӣ гардида ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуданд.